15 Март 2020 - 18:09
Рӯҳонӣ: Мақомот ва мардуми Эрон бо ҳамкорӣ аз бӯҳрони коронавирус бомуваффақият убур хоҳанд кард

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки барои муқобила бо коронавирус дар кишвар, мавзӯи карантин матраҳ нест гуфт: Мақомот ва мардуми Эрон бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ, аз бӯҳрони коронавирус убур хоҳанд кард.

(ABNA24.com) Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (якшанбе) дар нишасти муштараки Ситоди иқтисодии давлат ва намояндагони фаъолони иқтисодӣ дар Теҳрон гуфт: Бояд шароити иқтисодӣ, раванди иқтисодӣ, ҳамкории мардум бо фаъолиятҳои иқтисодӣ, бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ оддӣ бошад ва иҷоза надод дар ин замина мушкиле эҷод шавад.

Рӯҳонӣ бо ишора ба ин, ки хадамоти давлати Эрон тибқи ривол ба мардум ироа мешавад афзуд: Дар бораи ҳар гуна маҳдудият дар Ситоди миллии мубориза бо коронавирус дар Теҳрон тасмимгирӣ мешавад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин, ки Теҳрон бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳоли музокира аст изҳор кард: Ин музокирот бештар дар заминаи нақлу интиқоли коло ва рафту омад бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ дар марзҳост.